Ҳалокати ҷавонписар дар н. Б.Ғафуров дар натиҷаи лату кӯб

0
6 482 просмотров

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 8-уми январи соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Аорум ойл”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо ҷавонписари 19-солаи сокини ҷамоати мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии mvd.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шутурмурғ яке аз паррандагони тездав аст

Шутурмурғ аз паррандагони бепарвоз буда дастаи паҳни нохундор дорад. Қади шутурмурғ метавонад то 1 метр расад. Ин парранда аз хонаводаи шутурмурғон  Африқои мебошад. Шутурмурғ гурда ва поҳои дарози ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: