Афзоиши андози аксизӣ барои операторони мобилӣ

1
5 142 просмотров

akciznalog_0Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси андозро, ки дар онҳо афзоиш ва коҳиши ҳаҷми андозҳо барои фаъолияти ҷудогона пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуданд.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки  даромадҳои Бонки миллии Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо ва амвол андозбандӣ шуда, дар тағйироти пешниҳодшуда афзоиши андози аксизӣ барои операторони мобилӣ ва ҳамчунин содда кардани низоми баргардонидани қарзҳо аз минтақаҳои оффшорӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, мутобиқи тағйирот, андози аксизӣ барои операторони мобилӣ аз 3% то ба 5% меафзояд. «Ғайр аз ин, андоз аз иҷораи амвол дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ зиёд мешавад», – гуфт ӯ.

С.Гулов ҳамчунин зикр кард, ки то соли 2018 аз маблағҳои давлатии ба корхонаву муассисаҳои бахши фарҳангу ВАО равонашуда андоз ситонида намешавад. «Ҳамчунин мавод (масолеҳи сохтмон) барои иншооти дорои аҳамияти стратегӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад», – афзуд вакил.

Сарчашма: matrix-tv.tj

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Ҷамъоварии беш аз 8000 тонна «Тиллои сафед»

Ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии вилояти Суғд муташаккилона идома дорад. Тибқи иттилои масъулини бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: