Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 миллиарду 521,6 млн. сомонӣ баробар гардид

0
3 487 просмотров

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ ба 5 миллиарду 521,6 млн. сомонӣ баробар гардид.

Аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 10,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 315447,9 тонна ғаллагиҳо ё нисбатба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд, мутаносибан 348431,4 тонна картошка ё 5,3 фоиз, 433243,4 тонна сабзавот ё 2,2 фоиз,  85290,6 тонна пахта ё 14,6 фоиз, 108113,6 тонна меваҷот ё 2,4 баробар, ангур 53001,6 тонна ё 3,1 фоиз зиёд истеҳсол карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат зимни вохӯрии Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо соҳибкорони ватанӣ баррасӣ гардид. АМИТ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: