Суғд: Озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир мегардад

0
2 207 просмотров

Даҳаи сеюми моҳи август дар вилояти Суғд Озмуни вилоятии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир карда мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади иҷрои  банди 27 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018​ тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Дар озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам»  нонпазҳо ба сокинони  шаҳр тарзи тайёр кардани нони  тоҷикӣ  ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод  менамоянд.

Мақсад аз  баргузории озмун- эҳёи анъанаҳои миллӣ,  тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нон ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 2000 сомонӣ супорида мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Запустили отсчет до запуска первого агрегата Рогун. ГЭС

В Таджикистане запустили табло с обратным отсчетом до запуска первого гидроагрегата Рогунской ГЭС, сообщается на сайте акционерного общества гидроэлектростанции. Таким образом, уже по истечении 69 дней гидроагрегат введут в эксплуатацию. Ранее руководство ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: