Бразилия – қаҳрамони Ҷоми Амрико-2019

0
2 232 просмотров

Ҷоми Амрико-2019

Ҷоми Амрико-2019 низ бо ҳама шукӯҳу шаҳомати хеш ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Тӯли як моҳ мо шоҳиди бозиҳои ҳангомавии қораи Амрикои Ҷанубӣ шудем. Хулоса то ба финали ин мусобиқа мунтахабҳои Бразилия ва Перу роҳ ёфтанд. Варзишгоҳи муҳташами “Маракана — Марио Филю”-и шаҳри Рио-де-Жанейро бозии финалиро мизбонӣ намуд. Набари тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди мизбони ин чорабинӣ яъне мунтахаби Бразилия хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки аз дақиқаи 70-ум мунтахаби Бразилия бозиро даҳ нафара идома доданд, чаро ки Габриэл Жезус барои рафтори ғайриварзишиаш бо баргаи сурх муҷозот шуда, аз бозӣ ронда шуд. Ҳамин тавр мунтахаби Бразилия баъд аз 12 соли интизорӣ боз ба фатҳи Ҷоми Амрико даст ёфт. Дастаи мунтахаби Перу бошад, маротибаи охир соли 1975 дар Ҷоми Амрико қаҳрамон шуда буд. Ҷоми Амрикоро аз ҳама бештар мунтахаби Уругвай 15 маротиба соҳиб гардидааст.

Ҷоми Амрико-2019

Финал

Бразилия – Перу – 3:1

Голҳо: Эвертон, 15 (1:0). Хосе Паоло Герреро, 44 (пеналти) (1:1). Габриэл Жезус, 45+3 (2:1). Ришарлисон, 90 (пеналти) (3:1).

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Футзалисты Таджикистана одержали волевую победу

Сборная Таджикистана по футзалу под руководством главного тренера Хусейна Шодиева обыграла серебряного призера последнего чемпионата Азии – сборную Узбекистана (5:3) во втором товарищеском матче, который ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: