Расман: «Атлетико» вориси Роналдуро харидорӣ кард

0
2 699 просмотров

Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” дар сомонааш аз гузариши ҳамлавари ҷавони португалии дастаи “Бенфика” — Жоау Фелиш расман иттилоъ дод. Дастаи шаҳри Мадрид барои харидории ин ғунчаи пур аз ҳунар 126 млн евро пардохт намудааст, ки ин нишондод дар таърихи “Атлетико” гаронарзиштарин футболбоз ба ҳисоб меравад.

Қарордод байни “Атлетико” ва Жоау Фелиш 7 солро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки Жоау Фелишро ҳама дар мунтахаби Португалия вориси Криштиану Роналду ном мебаранд, чаро ки бозии ӯ ба бозии Криш хеле монандӣ дорад. Дар мавсими 2018/19 Фелиш дар 43 бозии дастааш ширкат карда, ба задани 20 тӯб ва 11 партофти головар даст ёфтааст.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суғд рӯзнома надорад…

Бино ба андешаи собиқадори меҳнат, устоди даҳҳо шогирдони соҳаи журналистика, доктори улуми филология, профессор Иброҳим Усмонов алҳол дар вилояти Суғд ва умуман дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: