«Барселона» Неймарро бармегардонад агар…

0
2 481 просмотров

Форварди бразилии бошгоҳи «ПСЖ» Неймар ин тобистон дастаашро тарк хоҳад кард. Футболбози 27 сола мехоҳад, ки боз дубора ба ҳайати “Барселона” пайваст шавад. Тибқи маълумотҳо роҳбарияти “нилунориҳо” аллакай бо падари Неймар дар бораи гузариши писараш ба “Барселона” мулоқот намудааст. Каталониҳо низ омода ҳастанд, ки Усмон Дембеле, Иван Ракитич ва 100 млн еврои дигарро барои харидории Неймар ба “ПСЖ” пешниҳод кунанд. Бояд Неймар аввал барои рафтори ғайриварзишиаш, ки ду сол қабл дар “Барселона” анҷом дода буд, узур пурсад ва дар он сурат “Барселона” боз орзуи ӯро амалӣ мекунад. Хотиррасон мекунем, ки соли 2017 Неймар ба таври хунукназарона “Барселона”-ро тарк намуда буд. Дар мавсими гузашта, Неймар дар 28 бозии “ПСЖ” вориди майдон шуда, ба задани 23 гол ва 13 партофти головар даст ёфтааст.

Манбаъ:Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бразилия – қаҳрамони Ҷоми Амрико-2019

Ҷоми Амрико-2019 Ҷоми Амрико-2019 низ бо ҳама шукӯҳу шаҳомати хеш ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Тӯли як моҳ мо шоҳиди бозиҳои ҳангомавии қораи Амрикои Ҷанубӣ шудем. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: