Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат

0
2 640 просмотров

Дар ш.Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини баргузор гардид. Зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд. Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод. Ба намояндаи баландпояи Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. А.Абрудзини омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

C 1 апреля повысится стоимость электроэнергии

С 1 апреля 2025 года в Таджикистане изменятся тарифы на электроэнергию. Соответствующее постановление правительства опубликовано в газете «Джумхурият». Согласно документу, для населения тариф увеличится до 35,36 дирамов ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: