Мбаппе — сайди навбатии “Реал”

0
2 738 просмотров

Тибқи иттилои нашрияи «Королевский клуб» бошгоҳи “Реал Мадрид” нияти харидани ҳамлагари тими «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса Килиан Мбапперо дорад. Гуфта мешавад, ки худи президенти даста Флорентино Перес ин тасмимро гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ӯ мехост Неймарро ба ҳайат бипайвандад. Аммо дар ин интихоб роли асосиро андешаи мухлисон бозид. Дар овоздиҳие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид, футболбози фаронсавӣ 89% овозҳоро соҳиб шуд. Дар сарчашма дарҷ гардидааст, ки “гаразмониҳо” барои харидории Мбаппе 250 мле евро пардохт мекунанд. Дар сурати гузариши Килиан ба “Реал” мо дар ҳайати мадридиҳо сегонаи нав бо номи Мбаппе, Азар ва Йовичро хоҳем дид.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ширбиринҷ

Ширбиринҷ. Табиист, ки ба кўдак ҳамчу организми инкишофёбанда дар радифи шири модар пас аз 4-моҳагӣ ғизоҳои иловагӣ тавсия медиҳанд. Ин аст, ки беҳтарин ғизо барои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: