Португалия – аввалин қаҳрамон дар таърих

0
2 733 просмотров

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, аз мусобиқаи Лигаи Миллатҳо танҳо як мунтахаб роҳхати бозиҳои гурӯҳии Евро-2020-ро соҳиб мешавад. Имрӯз, дар кишвари Португалия бозии финалии Лигаи Миллатҳо миёни яккачинҳои Португалия ва Голландия баргузор шуд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи “Драгау”-и шаҳри Порту баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди шогирдони Фернанду Сантуш хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ ягона голро нимҳимоятгари бошгоҳи “Валенсия” — Гонсалу Гуэдеш дар дақиқаи 60-ум таслими дарвозаи меҳмонон намуда, пирӯзии тимашро таъмин намуд. Ҳамин тавр мунтахаби Португалия аввалин шуда, роҳхати бозиҳои гурӯҳии Евро-2020-ро, ки соли оянда баргузор мешавад, соҳиб гардид. Инчунин мунтахаби Португалия аввалин чемпиони Лигаи Миллатҳо дар таърих гардид.

Лигаи Миллатҳои УЕФА

Финал

Португалия – Голландия

Гол: 1:0 – 60 Гедеш.

Португалия – Руй Патрисиу, Диаш, Геррейру, Нелсон Семеду, Фонте, Бернарду Силва, Данилу Перейра, Гедеш, Бруну Фернандеш, Вилям Карвалю, Роналду.

Голландия – Силлессен, де Лигт, Блинд, Думфрис, ван Дейк, Депай, де Рон, Бергвейн (ван де Бек, 60), Вейналдум, Бабел (Промес, 46), де Йонг.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аввалин ҷарроҳии робот

Филми «Терминатор»-ро тамошо кардаед? Дар ҳақиқат филми олиҷаноб аст. Сифати  хуб дорад ва сужети он низ таъсирбахш мебошад. Ҳамчунин пас аз тамошои филми тасвири дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: