Помир дар Instagram

0
4 210 просмотров

Дар Instagram аксҳои Помир шӯҳрат мебанд. Дар ҳоли ҳозир, саҳифаи вижаи Pamir_in_Pictures аллакай зиёда аз 4 ҳазор обуна дорад.

Дар аккаунт, силсилаи аксҳои Помир ва мардуми муқимии он ҷой дода шудааст. Сару либоси миллӣ, ҷӯйроба, ки аз он мардуми Помир фахр доранд, ороишоти занона, асбобҳои мусиқm ва таомхои миллm ба Instagram ворид мешавад.

Қисмати зиёди аксҳо ба урфу одатҳои мардуми Помир бахшида шудааст. Аксарияти хонандагон бо суолхои зиёд муроҷиат мекунад. Масалан, ҳангоми гузаронидани маросими туй дар сари арӯсшаванда чанд рӯймол бояд бошад ва оё вай аз ин нафасгир намешавад?

Дигар аксхо таассуроти сайёҳони ба Помир омадаро инъикос менамояд. Ин Instagram аккаунт барои сайёҳоне, ки мехоҳанд ба Помир сафар намоянд, роҳнамои хубест. Дар зери аксарияти расмҳо одамон менависанд, ки гӯё дар орзуи сафари Помир ҳастанд.

Агар Шумо низ  дигар instagram-ҳои машҳури Тоҷикистонро медонед, пас дар назарҳо нависед.

 

Сарчашма: matrix-tv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории лоиҳаи «Тирози Ҷавонӣ»: «ЭКО-ХУҶАНД» доир гардид.

Имрӯз тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд  Шарифзода Шариф Файз  ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ барои татбиқи  лоиҳаи  “Харитаи ҷойгиршавии интерактивии қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасрафи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: