Аксияи экологии “Тозагии соҳил” гузаронида шуд

0
2 248 просмотров

Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва ҳамкории донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии ҷараёни “1300 рӯзи ободонӣ” аксияи экологӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил” дар соҳили дарёи Сир ташкил ва гузаронида шуд.

Аксияи мазкур бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4- уми ихтисосҳои экологияи умумӣ ва агроэкологияи факултети геоэкология соҳили чапи дарёи Сир аз ҳудуди Маркази дилшиносии вилояти Суғд то чойхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд аз партовҳои гуногун, аз қабили зарфҳои пластикӣ, пасмондаи рӯзгор, халтаҳои селлофанӣ, алафҳои бегона ва ғайра тоза карда шудаанд. Дар аксияи экологӣ донишҷӯён, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ободу сарсабз гардонидани диёрашон гузоштанд.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Причины мурлыканья кошек

Для большинства хозяев мурлыкание их пушистых питомцев является прекрасным успокоительным или колыбельной, однако, мало кто знает, что на самом деле заставляет кошек мурлыкать. Именно о ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: