Левченко сармураббии нави «Хуҷанд» мешавад

0
3 472 просмотров

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои наздиқ мутахассиси шинохта, Виталий Левченко сармураббии нави бошгоҳи «Хуҷанд» таъйин мешавад. Ӯ дар ин мақом Нуъмонҷон Юсуповро, ки аз мақомаш барканор шуд, иваз мекунад.

Виталий Левченко дар гузашта дар хати дифоъ ҳунарнамоӣ мекард. Дар тими миллии Тоҷикистон ӯ дар 9 бозӣ шарафи дастаи мунтахабро ҳимоя кардааст. Қаблан Виталий Левченко вазифаи ёрдамчии сармураббии мунтахаби Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Бо роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон (U-19) то марҳилаи ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн роҳ ёфта буд. Охирин бошгоҳе, ки Левченко ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намудааст, ин бошгоҳи «Криля Советов» мебошад.

Манбаъ: ТВ Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

07.10.2021, шаҳри Хуҷанд Ҳамватанони азиз! Муҳтарам намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд! Тамоми сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини чорабинии идонаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: