Оғози Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни бошгоҳҳои Лигаи олӣ

0
2 729 просмотров

Чемпионати Тоҷикистон — 2019 оид ба футбол байни бошгоҳҳои Лигаи олӣ низ оғоз шуд. Дар даври якуми ин мусобиқа имрӯз ду бозӣ баргузор шуд.

Дастаҳои «Кӯктош» ва «Панҷшер» рақибони хеш КМВА «Помир» ва «Истаравшан»-ро дар хонаашон пешвоз гирифта, меҳмононро дучори шикаст намуданд.

Имруз, якшанбе дар даври мазкур боз ду бозии дигар «Истиқлол» — «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» — «Хатлон» майдондорӣ мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум. 

«Панҷшер» — «Истаравшан» — 2:1

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 3 (0:1). Тулкинҷон Умаров, 43 (худгол) (1:1). Собирҷон Холматов, 90+2 – пеналти (2:1).

«Кӯктош» — КМВА «Помир» — 2:0

Голҳо: Абдурасул Раҳмонов , 55 (1:0). Абдурасул Раҳмонов , 83 (2:0).

Манбаъ: Варзиш ТВ 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Видеолайфхак #БубинБиомӯз №2

Пандемияи коронавирус мавзӯи асосии рӯз мебошад ва дар кори мубориза бар зидди паҳншавии ин беморӣ мо низ саҳми худро мегузорем. Имрӯз мо ба Шумо дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: