Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард

0
5 310 просмотров

Истифодабарандагони барномаи зиддивируси Panda Security дар ҳайрат монданд, вақте баъд аз навсозии навбатӣ, антивирус файлҳои худро зараровар номид. Дар баробари ин, аз ин қариб, ки  худи ҳамаи  қарорҳои Panda Security зарар диданд. Баъзе аз истифодабарандагон кӯшиш карданд, ки мушкилоти пеш омадаро худашон бартараф созанд, вале баъд аз ба кор даровардани компютер онҳо натавонистанд ба Интернет ворид шаванд.

Илова бар ин, Panda Security ҳамаи  файлҳои Office, Firefox ва Chrome-ро хатарнок номидааст, дар баъзе истифодабарандагон ҳатто пакетҳои навсозии Windows Update низ  зараровар буданд. Бояд зикр кард, ки ин  хатогии ширкати зиддивирусӣ, дар муддати хеле кӯтоҳ ислоҳ карда шуд. Навсозии бемуваффақият гирифта шуд ва ҷои онро навсозии нав, ки файлҳои манъшударо  барқарор намуд, иваз кард.

Ин ширкат хабар дод, ки 90 фоизи истифодабарандагон, ҳамин тариқ  мушкилоти худро ҳал намуданд. Аммо 10 фоизи онҳо ноком гардиданд, зеро ки онҳо «мошини»  худро ҳангоми суқути насбкунӣ ба кор андохтанд. Маъмурияти Panda Secutity таъкид дошт, ки дар ҳар сурат коршиносони маркази дастгирӣ ба одамон кӯмак хоҳанд кард. Бо вуҷуди ин, ҳоло ягон корбар дар бораи талафоти пурраи маълумотҳои худ шикоят накардааст.

Сарчашма: matrix-tv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тереза Мэй уйдет в отставку 7 июня

Тереза Мэй объявила, что приняла решение уйти в отставку с поста лидера правящей в Великобритании Консервативной партии и, соответственно, премьер-министра. Такое заявление она сделала в пятницу на ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: