Роналду ва Месси барои ҷоизаи навбатӣ мубориза мебаранд

0
4 860 просмотров

УЕФА дар сомонаи расмии худ исми 4 футболбозе, ки барои дарёфти унвони беҳтарин бозингари ҳафтаи Лигаи чемпионҳо муддаӣ мебошанд, нашр кард. Инҳо ҳамлавари “Ювентус” Криштиану Роналду, ҳамлавари “Барселона” Лионел Месси, ҳамлавари “Ливерпул” Садио Мане ва нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Лерой Сане мебошанд. Роналду дар бозӣ бо “Атлетико” муаллифи хет–трик шуда, дастаашро аз нокомӣ дар Лигаи чемпионҳо наҷот дод. Лионел Месси бошад аввалин бор дар корномааш дар як бозӣ муаллифи 2 гол ва 2 партофти самаранок гардид, ки ин ҳам дар рақобати зидди “Лион” буд. Мане дар вохӯрӣ бо “Бавария” дар меҳмонӣ ба задани 2 гол даст ёфта, “Ливерпул”–ро бо роҳхати даври навбатӣ таъмин кард. Сане бошад, дар дидор бо “Шалке” муаллифи як гол гардида, 3 партофти головар анҷом дод.

Манбаъ: ТВ Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сайре ба Шаҳристони зебоманзар

Ноҳияи Шаҳристон — яке аз ноҳияи идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳристон аст, ки 102 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Шаҳристон то Душанбе ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: