Масоили рушди макроиқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

0
2 588 просмотров

Рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, диверсификатсияи содирот, диверсификатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ аз мавзӯъҳои калидие буданд, ки зимни  мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода ва намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Падамжӣ Ханделвал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуда,  омодагии худро ҷиҳати густариши он дар оянда баён намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 18.11.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.2970 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: