Хонандаи беҳтарини шаҳри Чкалов муайян шуд

1
5 722 просмотров

Бо мақсади дарёфти хонандаи фаъолу боистеъдод  дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Чкалов озмуни «Хонандаи беҳтарин» гузаронида  шуд.

Дар даври шаҳрии озмун 7 нафар хонандагони беҳтарин аз  ҳамаи таълимгоҳҳо, ки дар даври мактабии озмун  ғолиб омада буданд,  аз рӯи шартҳои   кор бо компютер, ҷавоб ба саволҳои ғайримунтазира,  намоиши дониш аз фанҳои дақиқ,  қироати порчаҳои насрӣ  доир ба  Ватан, модар, забон ва  шуғли дӯстдошта ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбаст хонандаи синфи 9-и гимназияи № 2 Нигина Аҳруллоева сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 10-и литсейи № 1 Муяссара Ҷалолова ҷойи дуюм ва  хонандаи  синфи 9-и гимназияи № 1 Искандар Абдураҳимов сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Ба ғолибони озмун  китобҳо ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф супорида шуданд.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Маслиҳати сеҳрнок

Барои пӯст воситаҳои хонагӣ ниҳоят муфиданд, маҳз ҳамин чизҳо чинҳои чуқургаштаро нобуд месозанд. Усули табобат ниҳоят оддӣ буда, вақти зиёдро талаб намекунад. Дар рӯйхати мубориза ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: