Муаррифии марказҳои пешбурди тиҷорат

0
4 388 просмотров

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 25 феврали соли равон дар Душанбе бо баргузории нишасти хабарӣ муаррифии  марказҳои навтаъсиси пешбурди тиҷорати назди Палатаи савдо ва саноати кишварро доир намояд.   Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ин марказҳои навтаъсис дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба тиҷорат”-и Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, ки аз тарафи Ҳукумати Финландия маблағгузорӣ мегарданд,  фаъолият доранд.

Интизор меравад, ки кормандони марказҳои навтаъсис дар чорабинӣ  хабарнигоронро бо мақсаду вазифаҳо ва фаъолияти марказҳои мазкур ва ҳамчунин нақшаю натиҷаҳои назаррас дар самти боло бурдани неруи тиҷоратии корхонаҳои истеҳсолӣ ошно хоҳанд сохт. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Орзу»-и Лондон бо ҷоиза ва медал сарфароз гардиданд

Кормандони ҷавони Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар Фестивали кушоди осиёимиёнагии ҳунарии «Орзу», ки дар шаҳри Лондони шоҳигарии Британияи Кабир баргузор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: