Дар доираи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе таҷҳизоти мухталиф барои суръат бахшидан ба чопи китобҳои дарсӣ бо ҳуруфоти брайлӣ ва сабт намудани китобҳои гӯё ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ кумаки хайриявӣ расонида шуд. Дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва меҳмонон иштирок доштанд. Раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе гуфт, ки ин гуна корҳои хайр аз ҷониби ин давлати дӯст бо мо бори аввал набуда, чанде пеш низ ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе кумаки хайрия, аз қабили хӯрокворӣ дастрас шуда буд. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.
Дар шаҳри Хуҷанд портали сармоягузорӣ фаъол мегардад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мақсад дорад, ки баҳри рушди соҳаи иқтисодиёт, инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷуда ва ба ин восита, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ...


Нет комментариев