Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон поён рафт

0
3 638 просмотров

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодии 2019 нархи сӯзишвориро дар биржаҳои ҷаҳон  мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, хулосаи худро пешниҳод намуд. Тибқи он, дар бозорҳои кишвар нархи  маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка то 10 дарсад поин оварда шуд. 

То алвақт дар  нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як литр гази моеъ то 4 сомониву 40 дирам, як литр бензини навъи 92 то 7 сомониву 90 ва бензини навъи 95 то 8 сомониву 20 дирам фурӯхта мешуданд. Ҳоло нархи як литр гази моеъ 4 сомонӣ ва бензин вобаста ба навъҳояш аз 7 сомониву 50 дирам то 7 сомониву 80 дирам муқаррар шудааст.

Қабл аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ қарор қабул карда буд, ки он барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад ва аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои  қарор идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

“Зарядка”-и ғайриаслӣ iPhone-ро вайрон мекунад

Ширкати Apple пайваста муштариёнашро аз истифода накардани қуввадиҳии ғайриаслӣ огоҳ мекунад. Ба гуфти ширкат, он метавонад дастгоҳро корношоям кунад. Мутахассисони ширкат муайян карданд, ҳатто дигар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: