Ҳунармандони шаҳри Самарқанд ба Суғд меоянд

0
2 388 просмотров

Рӯзҳои 10 – 12 декабри соли равон ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд дар ҳайати 16 нафар ба маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҳунармандони театри Самарқанд дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоишномаи “Позволь мне умереть”-ро ба тамошобинони тоҷик пешниҳод менамоянд.

Густариши муносибатҳои фарҳангии миёни вилоятҳо, таҳкими равобити дӯстӣ ва баҳравар гардидан аз санъати театрии ҳамдигар аз ҳадафҳои асосии сафари намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд арзёбӣ мешавад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 02.08.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3225 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: