Ду варзишгари тоҷик дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд

0
3 878 просмотров

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки санаҳои 1-2 декабр дар шаҳри  Гонконг баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки 232 нафар варзишгарон (135 мард, 97 зан) аз 29 давлати дунё дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа ду варзишгар – Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 1 декабр қувваозмоиҳо аз рӯи категорияҳои вазнии -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 миёни бонувон, -60 кг, -66 кг, -73 кг миёни мардҳо сурат мегиранд.

Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои варзишгарони вазни -70 кг, -78 кг, +78 кг миёни бонувон, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардҳо  баргузор мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

5 ПОЛЕЗНЫХ СВОЙСТВ ШОПИНГА

Женщины неспроста испытывают такую любовь к покупкам. Психологи уверены, что шопинг имеет массу полезных свойств, оказывая положительное влияние на психику и здоровье в целом. Теперь ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: