Ташвиқи риштаи каратэ-до дар шаҳри Хуҷанд

0
2 830 просмотров

Бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатӣ дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до (WKF) байни кўдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Мусобиқа бо мақсади тарғибу ташвиқи каратэ байни кўдакон, наврасон ва ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш сурат гирифта, дар он 236 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.

Пас аз қувваозмоиҳо ғолибони мусобиқа муайян гардида, дар охир ба онҳо аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ҷом, медал ва диплом тақдим карда шуданд.

Манбаъ: Варзиш ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Гаронтарин брендҳои ҷаҳон

Гаронтарин брендҳо (тамғаҳо)-и ҷаҳонро дар соли 2019 маҷаллаи маъруфи Forbes эълон кард. Ин соли нуҳум аст, ки дар 10-гонаи беҳтарин пайдарпай корпоратсияи амрикоии Apple пешсаф ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: