Ҳарри Кейн соҳиби “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026

0
13 просмотров

Ҳамлагари дастаи «Бавария» Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2026 гардид. Маросими супоридани ҷоизаи бонуфузтарин мукофоти инфиродӣ дар футбол аз ҷониби маҷаллаи France Football дар театри «Палладиум»-и шаҳри Лондон баргузор шуд. Ҷоизаро ба ғолиб футболбози собиқи мунтахаби Бразилия Роналдо тақдим кард.

Бори аввал дар таърихи футбол ҷоизаи асосии инфиродии ҷаҳон берун аз ҳудуди Фаронса супорида шуд. Интихоби шаҳри Лондон тасодуфӣ набуд, зеро аввалин барандаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 1956 футболбози англис Стэнли Мэтюз гардида буд.

Ҳамчунин, Ҳарри Кейн аввалин бозигари англис дар 25 соли охир шуд, ки «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард. Соли 2001 ин ҷоизаро Майкл Оуэн, ки он замон дар ҳайати «Ливерпул» ҳунарнамоӣ мекард, соҳиб шуда буд.

Инчунин, Ҳарри Кейн беҳтарин ҳамлагари сол номида шуд. Кейн дар мавсими 2025/2026 бо дастаи «Бавария» Суперҷом, Ҷоми Олмон ва унвони қаҳрамонии Бундеслигаро ба даст овард. Ӯ инчунин бо дастаи Англия дар Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2026 медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар 65 бозӣ аз моҳи августи соли 2025 то июли соли 2026 барои дастаи «Бавария» ва тими миллии Англия 73 гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ҳамасола аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии France Football ба беҳтарин футболбози сол тақдим карда мешавад. Соли гузашта, ин ҷоизаро ҳамлагари дастаи «ПСЖ» Усмон Дембеле ба даст оварда буд.

Манбаъ: ВАРЗИШ-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Лочин парандаи тез-чангол

Лочин  аз нави паррандаи соҳибчангол буда гайр аз Антарктика дар хамаи китъаҳои олам паҳн шудааст. Дарозии танаш 40— 50 см; Думи кӯтоҳ, минкори анбуршакл, пойҳои дарози тез-чангол дорад. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: