24 август дар шаҳри Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Форум бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи саноати фармасевтӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва намояндагони бахши фармасевтӣ доир шуд.
Дар форум ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ, тавсеаи савдои мутақобил бо доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ, рушди ҳамкории истеҳсолӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои мустақими корӣ байни намояндагони соҳаи фармасевтии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо ба имконияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти доруворӣ, густариши ҳамкории мутақобили судманд ва фароҳам овардани шароит барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи фармасевтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин рӯз вохӯриҳои B2B ва B2G бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои фармасевтӣ ва доираҳои соҳибкории ду давлат баргузор гардиданд. Дар вохӯриҳо иштирокчиён самтҳои фаъолияти ташкилоту ширкатҳоро муаррифӣ намуда, имконияти ҳамкорӣ ва дурнамои рушди робитаҳои тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар Tashkent Bio Pharma City бо раванди рушди кластери фармасевтӣ ва имконияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи саноати фармасевтӣ шинос гардиданд.
Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон барои таҳкими робитаҳои касбӣ ва тиҷоратӣ, мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ, инчунин муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам овард.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев