Имрӯз ҷудочиён дар DUSHANBE GRAND SLAM 2026 аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд

0
127 просмотров

Имрӯз, 1 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» оғоз мегардад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи якуми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн:  — 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 17 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Байни занон

Вазни -48 кг: Аҳлия Муминова, Нушин Ҷумаева ва Марям Назарова.

Вазни -52 кг: Суҳайло Сафарзода,  Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева ва Райҳонаи Розиқзода.

Вазни -57 кг:  Раҳмия Ҳанҷарбекова ва Сабина Каримова.

Байни мардон

Вазни -60 кг: Икром Шамсов, Лоиқ Қутбиддинов,  Меҳрзод Суфиев ва Рамзиддин Азизов.

Вазни -66 кг: Эмомалӣ Нуралӣ, Мусанниф Миробов, Обид Ҷебов ва Искандар Муҳамадхоҷазода.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

Дар «Dushanbe Grand Slam- 2026» 240 варзишгар, ки 142 мард ва 98 зан буда, 34 давлати ҷаҳонро намояндагӣ менамоянд, иштирок доранд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон,  намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол доир гардид, дар Бонки миллии Тоҷикистон  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: