13 апрели соли 2026 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони бинои гимназияи рақами 1 ва бинои ҲХДТ дар вилояти Суғд шинос шуд. Нахуст роҳбари вилоят бо раванди бунёди бинои иловагии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалилӣ шинос гардид.
Зимни боздид таъкид карда шуд, ки сохтмони иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рафъи норасоии ҷойҳои нишаст амалӣ гардида истодааст.
Раиси вилоят бо масъулини соҳа ва сохтмончиён суҳбат ороста, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, таъмини сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба истифода супоридани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зикр гардид, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят аз рафти сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд низ дидан намуд.
Зимни боздид Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар фазои идона ба сохтмончиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳангоми шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ва рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷиҳати назорати қатъии сифати корҳо ва риояи меъёрҳои муосири меъморӣ дастурҳо дода шуд.
Дар анҷоми боздид ба масъулин ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва кабудизоркунии атрофи иншоот супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд


Нет комментариев