Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар ДДҲБСТ ҳамоиш доир шуд

0
15 просмотров

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни конференсия иброз шуд, ки матбуот ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум дар раванди ҷомеасозӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои идеологӣ авҷ гирифтаанд, нақши матбуоти миллӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ташаккули афкори солими ҷомеа беш аз пеш назаррас аст. Аз ин рӯ, масъулияти рӯзноманигорон дар пешниҳоди иттилооти дақиқу санҷида ва таҳлили касбӣ дучанд мегардад.

Таъкид гардид, ки журналистикаи тоҷик имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа дар бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-фарҳангии мардум ва таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми назаррас мегузорад.

Иштирокчиён конференсия доир ба масъалаҳои рушди журналистикаи таҳлилӣ, этикаи касбӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи фазои рақамӣ ибрози андеша намуданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Истифодабарандагони iOS аз Android зиёд

Ширкати Google баҳисобгирии аҷибро вобаста ба дастгоҳҳои истифодабарандаи насбшудаи тафсирҳои ОС Android мегузаронад. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда тафсири Android 6.0 Marshmallow нисбатан маъруф мебошад ва он ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: