Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад

0
98 просмотров

Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз — аз 20 то 25 марти соли 2026 қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро дар доираи хатсайри ягона мепайвандад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ба хатсайр шаҳрҳои Алмато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошканд бо бозгашт ба Алмато дохил мешаванд. Барномаи сафар бо қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») шиносоӣ бо фарҳанг, анъана ва мероси мусиқии халқҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, ки қарор дар бораи ташкили қатораҳои сайёҳӣ байни Қазоқистон ва Узбекистон охири соли 2024 қабул шуда буд. Соли 2026 нахустин маротиба масири лоиҳа то Душанбе –пойтахти Тоҷикистон дароз карда шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Tcell 15 сол мардумро ба ҳам меорад!

Имрӯз яке аз санаҳои таърихӣ барои ширкати маъмултарини алоқаи мобилӣ Тселл мебошад, ки нахустин маротиба маҳз санаи 8-уми майи соли 2000-ум ба фаъолият оғоз намудааст. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: