Дастаҳои иштирокчии марҳилаи плей-оффи Лигаи Аврупо маълум шуданд

0
123 просмотров

Пас аз анҷоми марҳилаи умумии мусобиқа, ҳамаи дастаҳое, ки ба марҳилаи плей-оффи Лигаи Аврупо роҳ ёфтанд, муайян гардиданд.

Роҳхати мустақимро ба даври 1/8 финали Лигаи Аврупоро дастаҳои “Лион”, “Астон Вилла”, “Мидтюлланн”, “Бетис”, “Порту”, “Брага”, “Фрайбург” ва “Рома” соҳиб шуданд.

Ба онҳо дастаҳои “Генк”, “Болоня”, “Штутгарт”, “Ферентсварош”, “Ноттингем Форест”, “Виктория Плзен”, “Срвена Звезда”, “Селта”, ПАОК, “Фенербахче”, “Панатинаикос”, “Лилл”, “Селтик”, “Лудогоретс”, “Динамо”-и Загреб ва “Бранн” пайвастанд.

Дастаҳои ҷойгирифта аз мақоми 9-ум то 24-ум дар бозиҳои гузаришӣ барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 финал рақобат хоҳанд кард.

Қуръакашии бозиҳои гузаришии Лигаи Аврупо 30-юми январ баргузор шуда, маросим соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

От студента Хогвартса, до бойца ММА!

Со дня выхода первой части Гарри Поттера прошло 18 лет.За это время маленькие волшебники из сопливых детишек превратились во взрослых статных мужчин и женщин. Кто-то отпустил бороду,кто-то сменил ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: