Хаби Алонсо барои ба Мадрид омадан омодагӣ мегирад

0
546 просмотров

Сармураббии дастаи “Байер” Хаби Алонсо барои омадан ба “Реал Мадрид” омодагӣ мегирад. Дар ин бора рӯзноманигор ва инсайдер Маттео Моретто дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, мутахассиси испанӣ рӯзҳои наздик бо бозигарон ва роҳбарияти “Байер” мулоқот карда, ба онҳо хоҳиши кӯчидан ба Испанияро хабар медиҳад.

Инчунин зикр мегардад, ки мураббии феълии тими шаҳри Мадрид Карло Анчелотти барои тарки бошгоҳи шоҳона аллакай омода аст. Мунтахаби Бразилия тамоми ҷузъиёти шартномаро бо мутахассиси итолиёвӣ ба анҷом мерасонад. Анчелотти аллакай розигии худро барои сармураббии тими миллии Бразилия шудан додааст.

Ёдовар мешавем, ки шартномаи кунунии Хаби Алонсо бо “Байер” то охири мавсими 2025/2026 мисли шартномаи Анчелотти бо “Реал Мадрид” амал мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барномаи «Ҳафта»

Мардуми вилоят дар фестивали гулҳо фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар бахшҳои “Ороиши беҳтарин” гулпарвари хуҷандӣ Шӯҳрат Раҳимбоев ғолиб дониста шуда,  бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: