Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия оғоз ёфт

0
264 просмотров

Аз 28 апрел то 3 май дар Тоҷикистон таҳти унвони «Инсоният қудрат дорад, ки иммунизатсияи ҳамагонӣ ба даст оварад!» Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Ҳадафи ин ҳамоиш баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки иммунизатсия маводи тиббии иммунобиологие мебошад, ки барои пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешавад. Ҳангоми ворид намудани ваксинаҳо дар бадан нисбат ба бемории сироятӣ масуният (иммунитет)-и фаъол инкишоф меёбад. Он раванде мебошад, ки масунияти бадан тавассути он дар натиҷаи гузаронидани ваксина баланд шуда, нисбат ба бемориҳои сироятии ба воситаи ваксина идорашаванда таъсирнопазир мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сырдарья — Реальность и перспективы

В течение последних трех лет специалисты Южно-Казахстанского университета имени Мухтара Ауэзова (ЮКГУ) проводили исследования качества воды в крупнейшей реке Средней Азии — Сырдарье. Для этого ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: