Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд

0
404 просмотров

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар роҳҳо 17 гузаргоҳи пиёдагард аз байн бардошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ин гузаргоҳҳо ба ҳам наздик буда, ба қобилияти гузариши роҳҳои автомобилгард таъсири манфӣ мерасонданд. Санҷиши мутахассисон нишон дод, ки ҷойгиршавии гузаргоҳҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намекунад.

Бо супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутахассисон ин гузаргоҳҳоро аз байн бардоштанд.

Корҳо дар доираи барномаи беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётии шаҳр, ки барои ронандагон ва пиёдагардон шароити бехатар ва бароҳатро фароҳам меорад, идома хоҳанд ёфт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

$111 тыс. взятки: Агентство сообщает подробности задержания судьи суда района Рудаки

Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией сообщило на своем официальном сайте подробности задержания судьи суда района Рудаки Искандара Саидзода. По данным антикоррупционного ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: