Мбаппе аз мавқеи худ дар “Реал” розӣ нест

0
481 просмотров

Ҳамлагари фаронсавии «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе боварӣ дорад, ки дар ҳайати тим сармураббӣ ӯро дар мавқеи дуруст истифода намебарад. Дар ин бора нашрияи испании Sport.es хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, фаронсавӣ он чизеро, ки ӯ ҳамчун ҳамлагари марказӣ дар нақшаҳои тактикии мураббии “Реал” Карло Анчелотти бозӣ мекунад, дӯст намедорад. Қайд карда мешавад, ки футболбоз мутмаин аст, ки фоидаи бештар меорад ва агар аз ӯ дар паҳлӯҳои ҳамла истифода шавад, метавонад голҳои бештар занад.

Ёдовар мешавем, ки Мбаппе қабл аз оғози мавсими ҷорӣ ба “Реал Мадрид” пайваст. Дар 15 бозӣ ба бозигари фаронсавӣ муяссар шудааст, ки 8 гол зада, ду ирсоли головар кардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Машқ барои солимии чашмҳо

Вақте рӯзи дароз дар ҷои корӣ дар рӯ ба рӯи экрани компютер менишинед, аллакай ҳангоми нисфирӯзӣ чашмҳо дарди тоқатнопазирро эҳсос мекунанд. Вале копмютер ё ноутбуки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: