Месси ба «Барселона» бармегардад!

0
666 просмотров

Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи амрикоии «Интер Майами» Лионел Месси эҳтимолан дастаашро иваз мекунад.

Тибқи иттилои Gol Digital, Месси метавонад дар оғози соли 2026 дубора ба сафи «Барселона» пайвандад ва бо ин тим чун бозигари озод шартномаи кӯтоҳмуддат имзо кунад. Нақша дар он аст, ки футболбози аргентинӣ метавонад ба чемпионати дар пешистодаи ҷаҳон омодагии нағз бинад.

Соли 2024 Месси дар 24 бозии сатҳи бошгоҳӣ ширкат варзида, муаллифи 22 гол ва 13 партофти головар шудааст. Мӯҳлати шартномаи аргентинӣ бо дастааш то соли 2025 амал мекунад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории Месси 25 миллион евро аст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суманак-рамзи баҳор

Суманак навъе аз хуриши наврузӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: