Иштироки 214 хонанда дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

0
4 381 просмотров

Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ва як қатор олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Аз ҷумла, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 327 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ширкат варзида, аз онҳо 139 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 214 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Аз ин теъдод 11 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва 161 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят беш аз 900 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд буда, дар онҳо 533 692 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сирдарё яке аз артерияҳои бузурги обист

Сирдарё яке аз артерияҳои бузурги обии сарзамини Осиёи Миёна буда, 443 ҳазор км² масоҳат дошта, ҳавзааш дар байни 39º23′-46º арзи шимолӣ ва 61º-78º24′ тӯли шарқӣ ҷойгир шудааст. Тӯли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: