Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар «King’s Сup 2024» иштирок мекунанд

0
512 просмотров

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок  дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 11 то 14 октябр баргузор мешавад, вориди шаҳри Сонгкхлаи Тайиланд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври нимниҳоии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 октябр бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Тайиланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд.

Ғолибони даври нимниҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа 14 октябр доир мешаванд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вазъи қурби асъор барои имрӯз 15.08.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 15 август, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: