Рамзӣ Шамиров — аввалин довари сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон

0
4 803 просмотров

Рамзӣ Шамиров дар таърихи варзиши тоҷик аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани унвони «Довари дараҷаи байналмилалии «А” оид ба дзюдо» мушарраф шудааст. Инчунин вай дар байни доварони дунё, ки ба чунин унвон сазовор гаштаанд, аз ҳама ҷавонтарин ба шумор меравад. Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Рамзӣ Шамирови 32-сола дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Гонконг баргузор шуд, аз ҳамаи имтиҳонҳо (оид ба дониши забони англисӣ, назария ва амалияи доварии қоидаҳои дзюдо) бомуваффақият гузашт ва соҳиби унвони «Довари дараҷаи байналмилалии «А”» гардид. Гуфта мешавад, ки ин унвон ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои расмии сатҳашон баланди Федератсияи байналмилалии дзюдо — Гранд При, Гранд Слэм, қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ  доварӣ намояд. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вазъи қурби асъор барои имрӯз 28.08.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 28 август, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: