Олими тоҷик мудири кафедраи донишгоҳи Япония шуд

0
5 893 просмотров

Профессори тоҷик Мирзосаид Султонов мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Тохоку, яке аз донишгоҳҳои мӯътабари Ҷопон таъин шудааст.

Мирзосаид Султонов нахустин донишманди тоҷик аст, ки дар як мактаби олии Ҷопон ба чунин мақоми баланд мерасад.

Похожее изображение

Мирзосаид Султонов аз устодони собиқадори тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷопон мебошад. Ӯ соли 2013 унвони доктории худро дар бахши иқтисод аз Донишгоҳи Кобеи Ҷопон ба даст оварда, то соли 2015 дар ҳамин донигшоҳ аз фанни иқтисод дарс медод.

Картинки по запросу Университет Коеки

Мирзосаид Султонов моҳи апрели соли 2015 ба унвони донишёр (Associated Professor) дар Донишгоҳи Тохоку дар шаҳри Саката пазируфта шуд ва моҳи апрели соли 2018 сазовори унвони профессори ин донишгоҳ шуда, ба мақоми мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ таъин шудааст.

Манбаъ: Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Давлаталӣ Саид бо Президенти JICA ва Раиси Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд

Дар доираи сафари ҳайти иқтисодии Тоҷикистон дар Токио мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Танако Акиҳико ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: