Чорабиниҳо ба ифтихори 27–солагии Истиқлолияти давлатӣ

0
3 213 просмотров

9 сентябри соли 2018 дар қаламрави вилоят 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 августи соли 2018, №338 ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, сайругашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангӣ, консерту намоишҳои ҳунарию эҷодӣ, шанбегии оммавии вилоятӣ, мусобиқа ва озмунҳои гуногун, намоиши китоб, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат ва дигар чорабиниҳо ба назар гирифта шудааст.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ширкати «Равзана Пластик»

Моҳи феврали соли 2012 ширкати «Равзана Пластик» ба истеҳсоли нахустин профилҳои пластикӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард. Коргоҳи мазкур дорои имконияти марҳилаҳои истеҳсолии пурра буда, аз ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: