Ғалабаи дастаи Тоҷикистон бар дастаи Туркманистон

0
2 872 просмотров

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастаи  мунтахаби Туркманистонро бо  ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Тавре аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тӯбҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Фирдавси Олимзода ва Меҳрубони Абдурауф ба ҳадаф расониданд.

Баъд аз сипарӣ шудани се давр дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон ва Эрон бо касби 9 имтиёзӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвал қарор доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ пирӯз ва дар як дидор мағлуб шудааст, бо дарёфти 6 хол дар ҷои 3-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 28 июл дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон рақобат мекунад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чемпионат мира по футболу 2018

Чемпионат мира по футболу 2018 — 21 чемпионат мира по футболу ФИФА, финальная часть которого пройдёт в России[1] с 14 июня по 15 июля 2018 года[2]. Россия в первый раз в своей истории ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: