Дасткашии Тоҷикистон аз истифодаи маснуоти пластикӣ

0
3 737 просмотров

Ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои пластикӣ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст.

Ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои пластикӣ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфта, аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон даст кашидан аз истифодаи бастаҳо (пакетҳо)-и пластикиро пешниҳод кардааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи замин ва муносбат бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳукумат дар ин хусус пешниҳод ирсол гардида, дар мавриди марҳила ба марҳила даст кашидан аз истифодаи маснӯоти якдафъаинаи пластикӣ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

«Имрӯз масъалаи партовҳои пластикӣ ба мушкили доғи рӯз табдил ёфтааст. Дар ҷумҳурӣ коргоҳҳои коркарди партовҳои пластикӣ боз мешаванд, ки ин хуб аст. Лекин мо ба ҳукумат алтернатива — истифодаи бастаҳо аз коғаз ва матоъро пешниҳод кардем», — қайд кард Мардонов.

Намояндаи Кумитаи ҳамчунин зикр кард, ки барои бастаҳо аз коғаз ва латта шароити махсус фароҳам овардан зарур набуда, онро занон метавонанд дар коргоҳҳои хурди хонагӣ истеҳсол кунанд ва ба ҳамин васила ҷойҳои нави корӣ низ муҳайё мешавад.

Бино ба маълумоти мутахассисон, пакет (бастаҳо)-и пластикӣ муддати 50-500 сол таҷзия (вайрон) шуда ба табиат зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Пластика маҳсулоти коркарди нафт буда, ҳангоми таҷзия ё сӯзонида шудан маводи хатарнок ҷудо мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисман ё манъи пурраи истифодаи маснӯоти пластикӣ, ки барои муҳити зист хатарнок аст, дар бисёре аз кишварҳо (Бангладеш, Кения, Молдавия, тадбирҳо дар Ӯзбекистон дар ин самт) ё шаҳрҳои алоҳида амал мекунад. Чанде аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳон (Ikea-и Шветсия, «Айсленд»-и Британияи Кабир, McDonald’s) низ оянда ният доранд, ки аз истифодаи маснӯоти пластикӣ даст кашанд.

Манбаъ: news.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

AirPods бо қувватпуркунандаи офтоб

Коршиноси IT Бевза гуфт, ки кай Apple AirPods-и офтобиро мебарорад Ба гуфтаи коршиносони соҳаи электроникаи мобилӣ, AirPods бо нерӯи офтобӣ аз фантазия дур нест. Онҳо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: