Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи «EuPhO-2018» соҳиби медал гардиданд

0
3 289 просмотров

Аз 28 май то 1 июн дар шаҳри Долгопруднии Федератсияи Россия 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии аврупоӣ аз фанни физика (EuPhO-2018) баргузор шуд. Дар он 115 нафар довталаб аз 23 давлати дунё, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Руминия, Эстония, Италия, Швейтсария, Словакия, Словения, Латвия, Венгрия, Сербия, Македония ва ғайра иштирок карданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд, дар олимпиада давлати моро 2 нафар хонанда муаррифӣ намуда, дар ҷамъбаст хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Сабина Абдураҳмонова сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) ва хонандаи синфи 9 Муассисаи хусусии таълимии литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе Далер Пиров сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд. Ба шарафи онҳо Парчами Тоҷикистон дар байни 23 давлати дунё баланд бардошта шуд.

Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда,  сазовори 126 медал – 31 медали тилло, 49 медали нуқра, 46 медали биринҷӣ гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 медали тилло, 16 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ зиёд мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Барселона» хочет продлить контракт с Месси до 2023 года. Ему будет 36 лет к концу срока

«Барселона» хочет продлить контракт с нападающим Лионелем Месси до 2023 года, сообщает ESPN. Нынешний контракт аргентинца действует до 2021 года. Если новый контракт будет подписан, то он станет ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: