Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд

0
500 просмотров

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар бахши иқтисоду тиҷорат тақвият медиҳанд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён дар Душанбе баён гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои маблағгузории лоиҳаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳамкории бонкӣ, таъсиси фондҳои муштарак, табодули таҷриба дар самти фанновариҳо, инчунин саҳми ширкатҳои эронӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор гирифт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как правильно точить кухонные ножи ?

Даже самый хороший нож со временем теряет остроту. О том, как правильно точить кухонные ножи знает не каждый. Давайте рассмотрим основные способы этой нехитрой процедуры. Описанное ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: