Мӯҳлати бозгашти Беллингем ба майдон маълум шуд

0
781 просмотров

Нимҳимоягари «Реал Мадрид» ва мунтахаби Англия — Ҷуд Беллингем бояд, ки фурсатҳои наздик ба майдон баргардад.

Чӣ тавре Marca хабар медиҳад, дар «Реал Мадрид» ҳамаи талошҳоро барҷой мегузоранд, ки футболбози 20-сола то бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳо бо «Лейптсиг», ки рӯзи 6-уми март доир мешавад, пурра барқарор шавад.

Қайд карда мешавад, ки бозии наздиктарини дастаи шаҳри Мадрид дар доираи   Ла Лила бо «Валенсия»-ро Беллингем эҳтимолан дар курсиҳои эҳтиётӣ шурӯъ мекунад. Рақобат рӯзи 2-юми март шурӯъ мегардад.

Беллингем аз «Боруссия»-и Дортмунд ба “Реал Мадрид” моҳи июли соли 2023 пайваста, арзиши трансфериаш 103 млн евроро ташкил дода буд. Шартномаи бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Портари Transfermarkt бозигари англисро 180 млн евро нарх кардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нақби чинӣ барои безараргардонӣ

Дар шаҳри Чунцин дар ҷануби ғарби Чин як нақб барои безараргардонии коргарон пеш аз оғози рӯзи корӣ сохта шудааст. Барои мубориза бо эпидемияи коронавирус ҳама ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: