Бори аввал робопашша бе ноқил парид

0
2 770 просмотров

Муҳандисони донишкадаи Вашингтон робот-пашшаи RoboFly-ро сохтанд, ки бе ноқил ба фазо мепарад. Ихтироот дар намошгоҳи Байналхалқии робототехникаи Австралия муаррифи шуд.

Аз ҳама мушкилии калон ҳангоми сохтани чунин роботҳои беноқил ин ҷой барои захираи нерӯъ мебошад, ки набояд ба парзани халал расонад. Барои мисол аз сабаби вазнин ва калонҳаҷм буданаш чунин батарея дар ҳашароти электрони насб карда намешавад.

Олимон роҳҳи ҳалли ин масъаларо ёфтанд. Ноқилро ба лазер иваз намуданд. Ҳангоми расидани равшанӣ ба санҷандаи танаи RoboFly, равшани ба нерӯи электрики гардонида мешавад. Ин имкон медиҳад, ки робопашша бе ягон ноқил ва батарея бо нерӯ таъмин бошад.

Чуноне сомонаи донишгоҳ хабар медиҳад, барои паридани RoboFly қувваи 240 волт басандагӣ мекунад. Мутаасифона ҳоло таҷҳизот танҳо рост парида-фаромада метавонад, сабаб дар он аст, ки лазер дар як ҷой ҷойгир мебошад. Олимон дар нақша доранд лазерро низ мустақил гардонида ба таҷҳизот имконҳои бисёреро фароҳам оранд.

Манбаъ: https://hitech.vesti.ru/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 13.10.2017

Имрӯз, 13 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: