Байни Тоҷикистон ва Италия робитаҳои илмию адабӣ густариш меёбанд

0
638 просмотров

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми  Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи густариши робитаҳои илмию адабиро баррасӣ намуданд.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Италия табодули назар намуданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Италия дар оянда  робитаҳои илмию адабӣ ва ҳамкории фарҳангиро тақвият мебахшанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 17.01.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9505 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: