Ташрифи сармоягузорони Арабистон ба Хуҷанд

0
4 424 просмотров

Гуруҳи калони сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ вориди шаҳри Хуҷанд шуданд.

Меҳмононро Ҷамшед Абдуқаюмзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯён ва соҳибкорон бо риояи таомули анъаноти миллӣ самимона пешвоз гирифтанд.

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ аз пазироии сатҳи баланд изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории ҳайати меҳмононро ба сокинони шаҳри Хуҷанд расонд.

Ҳадафи ташрифи соҳибкорони арабӣ шиносоӣ аз фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Хуҷанд, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ҳамзамон иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ  ва соҳибкории вилояти Суғд мебошад.

Худи ҳамин рӯз меҳмонон аз корхонаҳои саноатии Минтақаи озодии иқтисодии «Суғд», Маҷмааи миллии «Оши палав», Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Боғи Камоли Хуҷандӣ» боздид ба амал оварданд.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Баррасии масъалаи соддагардонии тиҷорат

«Соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон дар пасманзари иҷрои Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) доир ба соддагардонии расмиёти савдо» зимни ҳамоиши серӯза дар шаҳри Душанбе матраҳ гардид. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: