Мусовии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» дар ҳузури 17 750 нафар мухлис дар шаҳри Душанбе

0
766 просмотров

5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни бошгоҳҳои «Истиқлол» -и Тоҷикистон ва «Ал-Наср» -и Арабистони Саудӣ доир шуд.

 Вохӯрӣ дар ҳузури 17 750 нафар мухлис баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.
Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм бо як зарбаи зебои хеш ҳисобро дар вохӯрӣ боз кард. Абдулраҳмон Ғариб дар дақиқаи 50-ум аз ҳайати «Ал-Наср» гол зада, ҳисобро баробар намуд. Пас аз бозӣ Алишер Ҷалилов аз ҳайати «Истиқлол » беҳтарин бозигари ин вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар ҳайати дастаи «Ал-Наср» — Садио Мане, Эмерик Лапорт ва Фофана ба майдон набаромаданд. Ҳамчунин, ситораи асосии даста Криштиану Роналду дар ин бозӣ ба «Ал-Наср» кӯмак карда натавонист ва барои бозӣ ба Душанбе наомад.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими «Персеполис » дар ҳузури 65 000 нафар мухлис аз тими «Ал-Дуҳайл » бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, имкони аз гурӯҳ баромаданро ба даври баъдӣ аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 14 имтиёз дар мақоми аввал аст ва роҳхати даври плей-оффро соҳиб шудааст. “Персеполис” бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Истиқлол” бо се имтиёз дар зинаи охир ва “Ал-Дуҳайл” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм аст.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи мазкур «Ал-Наср» ба даври ҳазфӣ роҳ ёфту, мусобиқа барои «Персеполис», «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» анҷом ёфт.
Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чеварони тоҷик аз коршиносони ширкати «Skilift Consulting»-и Ҳиндустон тарзу василаҳои дӯхти либос меомӯзанд

Маркази тиҷорати байналмилалӣ барои 34 нафар мутахассисони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон зарфи шаш рӯз давраҳои омӯзишӣ доир ба беҳтар  намудани фаъолияти чеварон ва баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: